Бақайдгирии скутерҳо ҳатмӣ шуд: Соҳибон бояд рақами давлатӣ бигиранд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз тағйиротҳои ҷадид барои ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки аз 1 январи cоли 2025 роҳандозӣ шуданд, хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз бақайдгирии ҳатмии скутерҳо хабар дод.
Ба иттилои вазорати нақлиёт соҳибони скутерҳо бояд воситаи нақлиёти худро ба қайд гиранд ва рақами давлатиро бигиранд.
“Ин барои пешгирии садамаҳои эҳтимолӣ ва баҳисобгирии нақлиёт дар кишвар зарур аст. Агар суръати скутерҳо аз 40 км/соат зиёд бошад ва ҳаҷми муҳаррик 50 кубро ташкил диҳад, онҳоро ба қайд гирифтан лозим аст”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Ҳамчқунин вазорати нақлиёти кишвар аз муоинаи ҳатмии техникӣ таъкид кардааст.
Ба иттилои ин вазорат ҳамаи воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон бояд соле як маротиба аз муоинаи техникӣ гузаранд.
Азим Иброҳим гуфт, дар соли гузашта дар бахши нақлиёт Тоҷикистон чӣ дастовардҳо дошт
“Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳо дар бораи гузаштан аз санҷиш ё саривақт нагузаштани он ба ронанда ҷарима таъин шуда, истифодаи минбаъдаи мошин дар роҳҳои Тоҷикистон манъ карда мешавад”,- қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки то 1 сентябри соли 2025 ҳамаи ширкатҳое, ки дар Душанбе мусофиронро интиқол медиҳанд, бояд ба системаи нақлиёти барқӣ гузаранд.