ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Қонуни тозатаъсис дар бораи имтиҳони дониши кӯдакони муҳоҷир барои беҳбуди фаъолияти тамоми системаи маориф мусоидат мекунад.
Чунин мешуморад Олга Василева, президенти Академияи маорифи Русия, собиқ вазири маорифи Федератсияи Русия.
"Дуруст аст, ки оилаҳои муҳоҷир акнун ба масъалаи омӯзиши забони русӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир хоҳанд кард, ки ин ба беҳтар шудани сифати тамоми системаи маориф мусоидат мекунад ва ба омӯзгорони мо кумак мекунад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Василева, фарзандони муҳоҷирон ва кӯдакони рус бояд якҷоя таҳсил кунанд.
Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ҳам кӯдакон якдигарро фаҳманд ва ҳам омӯзгорон кӯдаконро фаҳманд, гуфт ӯ дар мусоҳиба бо ТАСС дар шарҳи қонуни имтиҳони кӯдакони муҳоҷир барои донистани забони русӣ пеш аз қабул ба мактабҳои русӣ.
Ёдовар мешавем, ки ин қонунро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар охири соли 2024 имзо карда буд.
Тибқи ин қонун, фарогирии кӯдакони муҳоҷир ба барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ танҳо дар сурати бомуваффақият супурдани имтиҳони дониши забони русӣ имконпазир аст.
Санҷишҳо дар муассисаи таълимии давлатӣ ё шаҳрӣ ройгон гузаронида мешаванд. Барои ба мактаб дохил шудан, кӯдакон бояд дониши кофии забони русиро дошта бошанд, ки барои аз худ кардани барномаҳои таълимӣ заруранд.