ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ҳамадонӣ Камолов футболбози тими миллии Тоҷикистон, ки ин фасли пероҳани тими “Истиқлол”-и Душанберо бар тан дошт, бо ақди қарордоди расмӣ ба тими “Гулгавҳар”-и Теҳрон пайвастааст.
Камолов фасли гузашта мавриди таваҷҷуҳи “Гулгавҳар” ва “Ал-иттиҳод”-и Арабистони Саудӣ қарор дошт.
Расонаҳои ронӣ хабар доданд, ки қаблан дархости молии бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе сабаб шуд то роҳи ин интиқол сад шавад.
Ин фасл аммо бо поёни қарордод, ӯ ки пешниҳоде аз лигаи Узбекистон ҳам дошт, тасмим гирифт ба лигаи Эрон биёяд ва бо қарордоде ба тими “Гулгавҳар” мулҳақ шавад.
Нуктаи муҳим ин ки ӯ рӯзи 11 январ тестҳои пизишкии худро сипарӣ кард то дар сурати гузаштан аз тест, қарордодаш сабт шавад ва аввалин хариди тими “Персполис” дар нақлу интиқолот зимистонӣ бошад.
Камолви 21 сола фасли гузашта дар хориҷ аз кишвари Тоҷикистон муддатии кӯтоҳ ҳузур дошт, аммо ба “Истиқлол”-и Душанбе бозгашт.
Гуфта мешуд ӯ аз тими Ал-иттҳод”-и Арабистони ҳам пешниҳод дорад аммо дар ниҳояти ӯ “Персполис”-ро интихоб кард.
Ба иттилои расонаҳо ин бозигари тоҷики 21 сола қиматаши 600 ҳазор доллар аст.