Дар Тоҷикистон 67 корхона ба истеҳсоли дору машғул аст

Вазири тандурустӣ гуфт, ки дар соли гузашта барои муассисаҳои тиббии кишвар ба маблағи 206,4 млн. сомонӣ дору ва молҳои тиббӣ, харидорӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар як ҷаласае ахиран гуфт, ки Айни замон дар ҷумҳурӣ 67 корхонаҳои ватанӣ ба истеҳсоли дуру машғул ҳастанд.
Ба гуфтаи вай, ин корхонаҳо истеҳсоли зиёда аз 598 намуд ва 351 номгӯи дору, молҳои тиббӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахши ватаниро ба роҳ мондаанд.
Ҳамчунин вазир қайд кард, ки нисбати ба соли 2023, дар Тоҷикистон 6 корхонаи дорубарорӣ, ҳамчунин 27 намуд ва 26 номгуй дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад.
Вай илова кард, ки айни ҳол бо мақсади таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо дору ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ 3342 муассисаи фармасевтӣ фаъолият дошта, дар соли ҳисоботӣ 257 иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти фарматсевтӣ ва муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дода шуд.
Дар Хатлон табиб намерасад: Супориши мақомоти вилоят барои бартараф кардани мушкилот
Вазир қайд кард, ки дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 240 муассиса мавҷуд буда, шумораи кормандони соҳа 4484 нафар, аз ҷумла кормандони иҷтимоӣ ва хизматрасон 3360 нафарро ташкил медиҳанд.
Аз ҷониби ҳамаи самтҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 976705 нафар хизмат расонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни паёмаш ба парлумон ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба мардум, норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ, истифодаи самараноки таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббӣ таъкид кард.