Аз тарбияи насли наврас то кишоварзию Наврӯз: Аҳмадзода ба масъулин чӣ супориш дод?

Дар машварати кории Раиси вилояти Суғд масъалаи ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар машварати кории ахире, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақомдорони вилоят баргузор кард, масъалаи ҷашни наврӯз ва тарбияи насли наврас баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилоят.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок доштанд.
Қайд карда шудааст, ки дар машварат масъалаи ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси вилоят ба масъулин барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, истифодаи захираву имкониятҳо, омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилал, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист супоришҳо додааст.
Аз Хатлон 300 нафар даъватшавандаҳо ба курсҳои ройгон ҷалб мешаванд
Зикр гардидааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон, барои таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самраноки заминҳо, дастурҳо додааст.
Ҳамчунин раиси вилоят дар дидор бо масъулин ба таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо таваҷҷуҳи хос додааст.