ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ҷаласаи ахир, ки таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон сурат гирифт, Дастурамал барои комиссияҳои интихобот ҷиҳати мусоидат ба шахсони имконияташон маҳдуд дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ шуд.
“Ҳадаф аз қабули ин санад мусоидат ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шахсони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла ташкили инфрасохтори дастрас ва ҳуҷраҳои алоҳидаи овоздиҳӣ, маҳсуб мешавад”, - қайд кардааст КМИР.
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарори КМИР Тоҷикистон дар хусуси таъсиси комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаҳои бисёрмандатии интихобот қабул шуд.
Тибқи қарор мазкур, ки дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ ахиран қабул гардид, панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, вилояти Суғд №2, вилояти Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 таъсис дода шуданд.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни ҷаласаи КМИР-и Тоҷикистон як қатор масъалаҳои дигари ташкилӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
КМИР қайд кардааст, ки вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказӣ қабул гардиданд.