ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Русия муҳокимаи лоиҳаи қонун дар бораи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро дар Арманистон оғози хуруҷи Ереван аз Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) медонад.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук ба рӯзноманигорон хабар дод.
"Мо оғози муҳокимаи лоиҳаи қонун "Дар бораи оғози раванди пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо"-ро дар Арманистон оғози хуруҷи Арманистон аз ИИАО мешуморем. Русия сиёсати иқтисодии худро нисбат ба Арманистон бо дарназардошти ин ҳолат ба роҳ мемонад”, - гуфт Оверчук.
Ба гуфтаи муовини сарвазир, ин ду иттиҳодия ба ҳам мувофиқ нестанд. Вай таъкид кард, ки дар сурати даст кашидан аз равобит бо ИИАО, қимати нерӯи барқ ва маводи ғизоӣ дар кишвар боло меравад. Оверчук афзуд, ки дар ин сурат содироти колоҳои онҳо метавонад 80% коҳиш ёбад.
"Ҳамин тавр, мардуми оддӣ даромад ва ҷои кори худро аз даст медиҳанд ва барои лавозимоти зарурӣ пули бештар пардохт хоҳанд кард. Ба эҳтимоли зиёд, онҳо режими бидуни раводид (бо кишварҳои аврупоӣ) мегиранд. Арманистон таваыыущашро аз даст медиҳад", - боварӣ дорад муовини сарвазири Русия.
Ба гуфтаи вай, ҳоло бештар рӯшантар мешавад, ки узвият дар ИИАО имтиёз аст ва бо назардошти мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки Иттиҳодияи Аврупо бо он рӯбарӯ аст, пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро метавон ба хариди чипта ба Титаник муқоиса кард.
Рӯзи панҷшанбеи 9 январ ҳукумати Арманистон аз ташаббуси қонунгузорие, ки нерӯҳои ғарбгаро пешниҳод кардаанд, барои оғози раванди пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ кард. Лоиҳа дар парлумон баррасӣ мешавад.