Трамп умедвор аст, ки дар камтар аз шаш моҳ бо Путин дар бораи Украина музокира кунад

Рӯзи 20 январ маросими савгандёдкунии Доналд Трамп ба ҳайси кишвардори нави Амрико баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп изҳори умедворӣ кард, ки музокирот бо раҳбари Русия Владимир Путин дар мавриди Украина метавонад дар муддати камтар аз шаш моҳ сурат бигирад, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар нишасти хабарие, ки дар қароргоҳи Трамп дар Мар-а-Лаго дар Флорида баргузор шуд, рӯзноманигорон аз раиси ояндаи Кохи сафед пурсиданд, ки оё музокирот бо Путин метавонад дар давоми шаш моҳи оянда сурат бигирад.
"Шаш моҳ? Не, ман умедворам, ки хеле зудтар сурат гирад", - гуфт Трамп.
Қабл аз ин, зимни сӯҳбат бо матбуот ӯ изҳор дошт, ки аз омодагии раисиҷумҳури Русия ба музокирот огоҳ аст, аммо ин гуна тамосҳоро танҳо пас аз савгандёдкунии ӯ, ки рӯзи 20 январ баргузор мешавад, имконпазир мешуморад.
Коршинос: Трамп ба сароҳат эълом кард, ки мавзӯи пайвастани Украина ба НАТО баста шудааст
Сиёсатмадор афзуд, ки ҳанӯз санаи тахминии тамосҳоро номбар карда наметавонад.