ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Қазоқитон ба Тоҷикистон содироти ордро 4% афзоиш додааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати кишоварзии ин кишвар.
Ин вазорат қайд кардааст, ки дар соли 2024 содироти маҳсулоти ордӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст.
“Содироти орд ба Қирғизистон 41%, Туркманистон 5%, ба Тоҷикистон 4% афзудааст”, - хабар додааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ин вазорат ахиран намояндагони вазоратҳои кишоварзии Қазоқистон ва Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми содироти ғалла ва ордро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар соли 2024 ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 1,3 миллион тонна ғалла содирот шудааст, ки афзоиши ҳаҷми содироти ҳосили нав дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023-ро 57 фоиз ташкил додааст.
"Соли гузашта интиқоли ғалла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст: ба Тоҷикистон 20%, ба Қирғизистон 92%, ба Озарбойҷон 86%”, - иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ.
Ёдовар мешавем, ки ки Тоҷикистон воридкунандаи анъанавии ғалла ва орди Қазоқистон мебошад.
Тоҷикистон дар соли гузашта дар ҷойи дуввум миёни харидорони гандуми Қазоқистон қарор гирифта буд.
Дар садри воридкунандагон гандуми қазоқ Узбекистон меистад, ки надики ду миллион тон харидорӣ кардааст. Қобили зикр аст, ки дар ин ҷо 40% афзоиши назаррас ба қайд гирифта шудааст.