Дар Хатлон мехоҳанд истихроҷи нафту газро афзоиш диҳанд

Раиси вилояти Хатлон бо намояндагони шикати чинӣ дар Тоҷикистон масъалаи омӯзиши геологии канданиҳои фоиданокро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Давлаталӣ Саид раиси вилояти Хатлон бо ширкати бонуфузи Чин Ширкати СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В. муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.
Дар ин дидор раиси вилояти Хатлон тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.
Қайд карда шудааст, ки ин ширкат дар Тоҷикистон лоиҳаи худро дар соҳаи истихроҷи нафту газ дар минтақаи Бохтар амалӣ намуда истодааст.
Ширкати мазкур барои омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон иҷозатнома дорад ва барои амалишавии ин лоиҳа корҳои тадқиқотӣ анҷом дода истодааст.
“Соҳаи нафту газ ҷузъи муҳими комплекси сӯзишворӣ-энергетикии кишвар буда, дар қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба маҳсулоти нафтӣ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ нақши арзанда дорад”, - қайд кардааст Давлаталӣ Саид.
Таҳдиди “Малахи марокашӣ” ба вилояти Хатлон: Ташкили ситоди корӣ барои мубориза
Зимни мулоқот масъалаи тақвият додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон бо роҳбарият ва коршиносони яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафтии Русия созишнома бастаст.
Тафсилоти тавофуқ гуфта нашудааст, аммо Русия дар умум таъминкунандаи аслии маводи сӯхти Тоҷикистон мебошад.
Ин дар ҳолест, ки феълан дар масъалаи нафту газ Тоҷикистон пойбанди маҳсулоти воридотӣ буда, гази табииро аз Ӯзбекистон, гази моеъро аз Қазоқистон ва маҳсулоти нафтиро асосан аз Русия дастрас мекунад.
Мақомоти тоҷик солҳои охир азм доранд, ки пойбандиро аз хориҷа коҳиш диҳанду тавлиди ин навъи маҳсулотро дар дохил афзоиш диҳанд. Аз ҷумла дар Данғара корхонаи коркарди нафту газ бунёд шудааст, аммо ҳанӯз ҷаҳише дар ин бахш дида намешаванд.