Раҳмон ба Си Ҷинпин номаи ҳамдардӣ ирсол кард

Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои чинии худ бинобар ҳалок шудануосеб дидани шмораи зиёди одамон дар натиҷаи заминларзаи шадид барқияи ҳамдардӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод ва матни барқияи тасаллиятро низ нашр кард.
Дар номаи кишвардори Тоҷикистон аз ҷумла омадааст:
"Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Чин ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям".
Дар идома роҳбари давлат ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хост.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 7 январ Непалро заминҷунбии қавӣ такон дод. Шиддати ларзиши замин 6,8 балл арзёбӣ шуд. Офати табиӣ дар ҳудуди ноҳияи Тингри префектураи Шигатсеи вилояти мухтори Тибет рух додааст.
Теъдоди қурбониёни заминларзаи Тибет ба 53 нафар расид
Зимнан, пас аз ин заминларзаи қавӣ, Непалро боз 49 пасларза такон дод, ки дар пай хисороти зиёд ба бор овард.
Ба маълумоти муқаддамотӣ, ҳоло беш аз 150 нафар қурбони ин офати табиӣ гардиданд.