ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар Душанбе як гурӯҳи муташаккили ҷиноии иборат аз панҷ нафар, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буданд, боздошт шудааст.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод ва афзуд, ки қочоқбарон рӯзҳои аввали соли равон боздошт гардиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии Раёсати ВКД-и пойтахт, аз қочоқбарон 127 кг маводи мухаддир, аз ҷумла 55 кг ҳашиш ва 72 кг афюн дарёфт ва мусодира гардид.
Манбаъ таъкид намуд, ки роҳбарии ин гурӯҳи ҷиноиро сокини 50 - солаи шаҳри Душанбе, ки қаблан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир доғи судӣ дорад, бар ӯҳда дошт.
Номбурда ба миқдори зиёд маводи мухаддирро аз шаҳрвандони Афғонистон дастрас карда, зимнан бо ҳаммаслакони худ онро ба фурӯш мегузошт. Ду тан аз қочоқбарон падару писар буда, онҳо маводи мухаддирро аз роҳбари ин гурӯҳ харид карда, сипас ба дигарон онро фурӯхтанд.
Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, боздоштшуда ҳоло ба ҳабс гирифта нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз гардид.
Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2024 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беш аз се тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 25% зиёдтар аст.
Маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ асосан аз Афғонистони ҳамсоя ворид мешавад.