ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар Душанбе маросими ифтитоҳи “Хонаи савдои Узбакистон” баргузор шуд, хабар медиҳад хабаргузории “Ховар”.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, намояндагони сафорати Узбакистон дар Душанбе ва иттиҳодияи "Узпромстройматериал" ширкат доштанд.
Тавре сардори Раёсати фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон Меҳроҷ Ботиров қайд кард, Тоҷикистон дар содироти масолеҳи сохтмонӣ дар ҷои дуюм аст.
"Соли 2024 ба Тоҷикистон ба маблағи 115 млн доллар коло фурӯхта шуд. Аз ҷумла, маҳсулоти филизӣ, <...> инчунин омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва семент, маснуоти сафолӣ, шишаи сохтмонӣ ва маснуоти шишагӣ содир карда шуд", - таъкид кард ӯ.
Ботиров кайд кард, ки "Хонаи савдо" масолеҳи гуногуни бинокориро пешкаш мекунад.
“Имрӯз дар шаҳри Душанбе теъдоди зиёди биноҳои серошёна ва иншооти гуногун бунёд шуда, талабот ба маҳсулоти мо зиёд аст”, - афзуд ӯ.
Мақомот умедворанд, ки дар оянда "Хонаи савдо" ба афзоиши гардиши мол миёни Узбакистон ва Тоҷикистон кумак хоҳад кард.
Аз ҷумла, дар соли 2025 иттиҳодияи "Узпромстройматериал" миқдори содироти маҳсулотро ду баробар зиёд карданист. Ҷониби Ӯзбакистон қасд дорад, дар ҳудуди вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чунин хонаҳои тиҷоратӣ боз кунад.