Таъйиноти кадрӣ дар Хатлону ВМКБ: Раҳмон киҳоро барканору таъйин кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури ҳашт фармон раисони шаҳру навоҳии Хатлон ва ВМКБ -ро ҷобаҷо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Вилоятҳои Хатлону Бадахшон таъйиноти кадрӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Манбаъ афзуд, ки президент бо судури ҳашт фармон раисони шаҳру навоҳии ин ду вилоятро ҷобаҷо кард.
Аз ҷумла, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Шарифӣ Фирӯза аз вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак барканор шуд ва ба вазифаи раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим таъйин гардид.
Котиботи президент иттилоъ дод, ки Шарифӣ Фирӯза ба кори дигар мегузарад, вале дақиқан чӣ вазифа ишғол кардани ӯро зикр накард.
Раҳмон як қатор қонунҳои навро имзо кард
Зимнан, Шоҳиён Зарифхуҷа низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Панҷ озод шуд ва Иброҳимиён Акмал иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъйин гардид.
Бо фармони президент раиси ноҳияи Нуробод низ иваз шуд. Акнун ба ҷои Ҷобирзода Додарҷон, Солеҳзода Фатҳуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси Нуробод интихоб шуд. Ҷобирзода бошад ба кори дигар мегузарад.
Раиси ноҳияи Ванҷи ВМКБ, Мардзода Одинашо бо фармони президент ба кори дигар мегузарад ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ ба дӯши Давлатзода Наҷмиддин вогузошта шуд.