Ҷузъиёти сафари Пизишкиён ба Тоҷикистон эълом шуд

Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Эрон эълон кард, ки сафари раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар нимаи моҳи январи соли равон як сафари дурӯза хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Исмоил Бақоӣ, сухангӯии вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишаст хабарӣ гуфт, ки сафари барномарезишудаи раисҷумҳур ба Тоҷикистон дар миёнаи моҳи январ як сафари ду рӯза хоҳад буд ва аввалин сафари минтақавии раисҷумҳури Эрон ба минтақа АвруОсиё хоҳад буд.
Вай гуфт, дар ин сафар қарор аст асноди муҳимме дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ ба имзои ду тараф бирасад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки дар ин сафар бозгушои яке аз марокизи муҳими фарҳангӣ дар Тоҷикистон ва ифтитоҳи маркази саломати Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълом кард, ки ҳафтаҳои наздик Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Мақомдори эронӣ: Пизишкиён баъд аз сафар ба Тоҷикистон ба Русия хоҳад рафт
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, ин сафар дар моҳи январ ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.
Бодя қайд кард, ки бори ахир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот карда буд.