ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Нурулло Алиев пӯзи 11 январ на бо намояндаи Исроил, балки бо Ҷо Солетскии амрикоӣ вориди майдон мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуотии UFC хабар додааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки Янал Ашмоз размикори исроилӣ, ки мебоист бо Алиев вориди майдо мешуд, ба далели ҷароҳат бардоштан маҷбур шуд аз набард даст кашад.
Ҳарифи нави Нурулло Алиев то ҳол 13 бурду 5 бохт дорад. Рақобати онҳо рӯзи 11 январ дар мусобиқаи UFC Fight Night 249 дар Лас - Вегас баргузор мегардад.
Алиеви 25-сола то ҳол 9 зӯрозмоиро анҷом дода, дар ҳамаашон пирӯз шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон барои ҳунарҳои размии омехта то ҷое бобарор арзёбӣ мешавад, чун UFC, ки аз созмонҳои бонуфузтарини ин бахш аст, феълан бо 4 намояндаи Тоҷикистон шартнома бастаст.
Дар ин ҷода аввалин Нурулло Алиев шуда буд. Баъд аз ӯ, Лоиқ Раҷабов ба UFC роҳ ёфту сипас ин созмон бо Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов шартнома баст.