Коршинос ҳадафҳои барномаи СПАД дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро шарҳ дод

Коршинос бар ин назар аст, ки барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон қочоқи маводи мухаддирро кам карда, аҳолии кишварҳои СПАДро ҳимоят мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Барномаи СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷудонамудани маблағҳои нав ва оғози тарҳҳои нав барои таҳкими марзҳоро дарбар мегирад.
Дар ин бора Никита Мендкович, раиси Клуби таҳлилии АвруОсиё дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иброз дошт.
"Таъсиси посгоҳҳои нав, муҷаҳҳаз кардани марзбонон бо таҷҳизоти махсус, аз ҷумла таҷҳизоти электронии назорати сарҳадӣ, пеш аз ҳама, барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон нигаронида шудааст", - шарҳ медиҳад коршинос.
Ба гуфтаи вай, бештари маводи мухаддири ҷаҳон ва тавлиди ғайриқонунии он дар Афғонистон ҷойгир шудааст, ки муддати тӯлонӣ аз ҷанги дохилӣ ва мудохилаи Амрико осеб дида буданд.
Коршинос гуфт, узвияти Тоҷикистон дар ИИАО ба сокинон чӣ фоида меорад
"Ҳозир вазифаи мо аз он иборат аст, ки марзро пурзур кунем ва ҳаракати нақлиётро дар масири шимолӣ ба ҳадди ақалл кам кунем, то аҳолии худро аз нашъамандӣ ва маводи мухаддир ҳифз кунем, зеро қонуни ин бозори пинҳонӣ маълум аст", — боварӣ дорад Мендкович.
Илова бар ин, коршинос бар ин назар аст, ки эҷоди як нерӯҳои монанд ба артиши марзӣ, ки ба таҳкими дифои марзӣ ва коҳиши ҷиддии қочоқи маводи мухаддир мусоидат мекунад, бамаврид аст.
Таҳлилгар ҳамкориҳои СПАД ва Узбакистонро як вазифаи муҳими дигар медонад.
"Мутаассифона, сарҳад бо Афғонистон дар Тоҷикистон ба поён намерасад. Хафҳои воридшудан аз марзи Узбекистон ва Туркменистон вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ҳамкориҳоро бояд тақвият дода шаванд ва деворе барои пешгири аз қочоқи маводи мухаддир сохт", - меафзояд ӯ.
Тоҷикистон гуфт аз барномаи СПАД дар бораи таҳкими марз бо Афғонистон чӣ интизориҳо дорад
Ин кор бояд дар тули тамоми сархад анчом дода шавад, таъкид кард Мендкович.
Ёдовар мешавем, ки иҷрои барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон аз 1 январи соли 2025 оғоз мешавад.
Ба гуфтаи Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СПАД, иҷрои он 5 сол тӯл хоҳад кашид.
Барнома аз се марҳила иборат аст: ташкил, таҳвили аслиҳа ва техника барои Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, таҷҳизоти мукаммал дар тамоми хатти марзҳо.