ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) барои эҷоди пули худ талош дорад.
Дабири кулли созмон СҲШ Нурлан Эрмекбоев ба хабаргузории РИА “Новости” гуфт, то ҳол таҳияи заминаи қонунӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
"Барои ҳалли мушкили ташкили низом ё механизми пардохт байни кишварҳои СҲШ як гурӯҳи коршиносон барои афзоиши ҳиссаи пули миллӣ дар пардохтҳои мутақобилаи кишварҳои узв ташкил шудааст”, - гуфтӯ.
Ин харитаи роҳ дар ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ дар соли 2022 дар Самарқанд тасдиқ шудааст, афзуд ӯ.
Дабири кулли ин созмон қайд кард, ки гурӯҳи коршиносон тамоми ҷанбаҳои мусбат, манфи ва хатарҳои эҳтимолии марбут ба либерализатсияи қонунҳои асъорро бо таъсири монеаҳои тарифавӣ ва ғайритарифавӣ ба пардохтҳо бо асъори миллӣ таҳлил мекунад.
"Дар маҷмӯъ, зарурати афзоиши ҳиссаи пули миллӣ вуҷуд дорад. Коршиносон барои таъсиси пули худи СҲШ пешниҳод кардаанд, аммо ин кор ҳанӯз дар марҳилаи баҳс аст", - таъкид кард Ермекбоев.
СҲШ як созмони байналмилалӣ буда, соли 2001 таъсис ёфтааст. Ба он Русия, Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Беларус, Ҳиндустон ва Покистон шомиланд.
Қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Исломобод гуфта буд, ки ҷумҳурӣ ҳамкориро дар чаҳорчуби ин созмон авлавияти сиёсати хориҷӣ медонад.
Ӯ қайд кард, ки Тоҷикистон рушди ҳамкориҳо дар доираи ин созмонро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор додааст.