Раҳмон муовинонии раиси вилояти Суғд ва раисони шаш ноҳияҳои вилоятро иваз кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои ахираш дар вилояти Суғди кишвар тағйироти кадрии бузург анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо фармонаш Зариф Мирдадо ва Даврон Зоҳидзода аз вазифаи муовинҳои раиси вилояти Суғд бо сабаби гузаштан ба кори дигар озод кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол, бо фармони дигари раисҷумҳур Файзулло Қосимӣ, Ҷамшед Ҷӯразода ва Зуфар Исмоилзода муовинони нави раиси вилояти Суғд таъйин гардиданд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон раисони нави шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бустон, Гулистон, Шаҳристон, Айнӣ ва Зафарободи вилояти Суғд аз ҳисоби мутахассисони ҷавони варзида таъин карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъин шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Раҳмон як қатор қонунҳои навро имзо кард
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар, фаровон муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, бунёду навсозии роҳу коммуникатсия, муассисаҳои тиббию таълимӣ ва томактабӣ ҳидоят намуд.
Қайд карда шудааст, ки дар фароварди суҳбат раисҷумҳури кишвар таъкид намудааст, ки роҳбарон дар муомила бо мардум фарҳанги баланди муошират ва одобу ахлоқи намунавӣ дошта бошанд.