ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар 11 моҳи соли 2024 Русия ба маблағи беш аз 145 миллион доллар ғизои кӯдакона содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15% бештар аст, хабар медиҳад Маркази “Агроэкспорт”.
Ба иттилои ин Марказ бузургтарин воридкунандагони ғизои кӯдакона Узбакистон (32%), Қазоқистон (22%), Тоҷикистон ва Ветнам (ҳар кадом 9%) буданд.
Тибқи ҳисобҳои пешакии Маркази “Агроэкспорт”, то соли 2030 ҳаҷми содироти ғизои кӯдакона аз Русия метавонад бештар аз 170 миллион доллар шавад.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз рӯи ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Ҳаҷми умумии сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ба 1,9 миллиард доллар афзоиш расид.
Қаблан Семён Григорьев, сафири Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки додугирифти Русия ва Тоҷикистон дар моҳи январ - сентябри соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4% афзоиш ёфтааст.