ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар доираи назорати давлатӣ аз болои муҳоҷироне, ки таҳти низоми ихроҷ қарор доранд, кормандони пулис ҳақ доранд ба манзил ва дигар биноҳое, ки дар он чунин хориҷиён воқеан зиндагӣ мекунанд, дастрасӣ пайдо кунанд.
Меъёрҳои дахлдор дар қонун сабт шудаанд ва аз 5 март эътибор пайдо мекунанд.
Инчунин, полис метавонад аз мақомоти давлатии Федератсияи Русия ва мақомоти давлатҳои хориҷӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои амалисозии назорати давлатӣ заруриро, аз ҷумла сирри тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро талаб намояд.
Ҳамчунин аз бонкҳо маълумот дар бораи мавҷудият ва шумораи суратҳисобҳои бонкиро метавонанд дархост кунанд.
Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ низ аз 5 март метавонанд шаҳрвандони хориҷиро дар ин реҷа, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникӣ назорат кунанд.
Ин меъёр инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба чунин хориҷиён “кӯмак дар будубоши дар қаламрави Федератсияи Русия” мусоидат мекунанд, дахл дорад.
Пулис ҳақ дорад, маълумот аз дастгоҳҳои мобилӣ ва геолокатсия, системаҳои пардохт, ки дар системаи шинохти чеҳра кор мекунанд, истифода барад.
Дар Русия аз 5 март низоми муҳоҷират барои ихроҷи хориҷиён ё афроди бешаҳрванд, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд ва ё қонуншиканӣ кардаанд, эътибор пайдо мекунад.
Барои онҳо ҳуқуқу озодиҳои муайян маҳдуд карда шуда, нисбати онҳо чораҳои назорати давлатии федералӣ дар соҳаи муҳоҷират низ татбиқ карда мешаванд.