ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Эҳсони Панҷшанбе аз бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе рафт.
Ӯ фаъолияти худро дар тими Ҷиззахи Суғдиёна дар Суперлигаи Ӯзбекистон идома медиҳад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ӯ ба тими "Суғдиёна"-и Ҷиззах гузашт ва ҳамдастаи бозигари дигари кишвар Зоир Ҷӯрабоев шуд,Ҷӯрабоев бозӣ мекунад.
Бино ба иттилои портали Transfermarkt, Эҳсони Панҷшанбе ҳоло 600 ҳазор евро арзиш дорад. Ин яке аз баландтарин нархҳо дар тими миллии Тоҷикистон аст.
Маълум аст, ки Эхсони Панҷшанбе аз соли 2016 дар ҳайати мунтахаби кишвар бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар 57 бозӣ 5 гол ба самар расондааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан беҳтарин футболбозони сол дар Тоҷикистон ном бурда шуда буданд.
Ҳамин тариқ, унвони беҳтарин бозигар ба Манучеҳр Ҷалилов аз "Истиқлол"-и пойтахт дода шуд. Илова бар ин, ӯ дар бахши "Беҳтарин нишонзани Лигаи олӣ" низ мукофотонида шуд.