ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Дар оғози моҳи декабр ҷонибҳо эълон дошта буданд, ки раванди делимитатсия ва демаркатсия ниҳоӣ шудааст.
Дар мақомоти гумруку марзбони Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки мунтазири хулосаи Комиссияи делимитатсия ва демаркатсия ва дастур аз ҳукумат нишастаанд.
“Ҳар замон ки дастур шуд, мо даст ба кор хоҳем шуд. Тамоми зерсохторҳои марзбонӣ ва гумрукӣ ва дигар ниҳодҳо омодаи фаъолият ҳастанд”, - гуфтанд масъулини ин ниҳодҳо.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки 4 декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон дар пайи мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев аломатгузорӣ ва таъйини марзии қитъаҳои боқимондаи марзи миёни ду кишвар ба анҷом расидааст.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол ҳеҷ шарҳи расмие дар бораи ҷузъиёти ин тавофуқ ба нашр нарасондааст.
Жеенебек Кулубаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон ба расонаҳо гуфтааст, ки гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар фақат пас аз ниҳоӣ шудани асноди ҳуқуқӣ боз хоҳанд шуд.
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин тараф вуҷуд дошт. Дар ин миён баҳсҳо ба даргириҳои мусаллаҳон низ мунҷар шуданд, ки дар онҳо нерӯҳои мусаллаҳи ду давлат низ ширкат карда, талафони ҷонӣ низ дар пай доштанд.