Душанбе, 31 дек - Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури фирории Афғонистон дар паёме навиштааст, ки тибқи қонуни асосии кишвар агар раисҷумҳур аз кишвар фирор кунад муовини аввал, раисҷумҳури қонунии кишвар аст.
“Ман дар ин мавқеъият ба вазоифи худ идома медиҳам”. – гуфт ӯ.
Солеҳ афзудааст, ки тамоми тавонашро барои сохтани ояндаи беҳтар барои кишвараш гузошта ва ҳамеша дар хизмати мардум ва сарзаминаш буд ва хоҳад монд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз тасаллути толибон* ва суқути Кобулу фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ ба дараи Панҷшер рафт ва дар он ҷо пас аз онки худро раисҷумҳури муваққати Афғонистон хонд, аз ташкили ҷабҳаи зиди Толибон* ба ҳамроҳи Аҳмад Масъуд хабар дод.
Пас аз ин ки Панҷшер низ ба даст Толибон* афтод, Солеҳ ҳамроҳ бо Аҳмад Масъуд ба Тоҷикистон рафт.
Гуфта мешавад Амруллоҳ Солеҳ дар ҳоли ҳозир дар Дубай қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар авоили августи соли 2021 Толибон* ҳамлаи худро алайҳи нирӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг тамом шудааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи он сол аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, ихроҷи оммавии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 августи соли 2021 низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 соли низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Рӯзи панҷшанбе маъмурияти Амрико ба Конгресс маводи махфии "таҳлили пас аз фактум"-и дохилиидоравии хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ки мавриди таҳқиқи қонунгузорон шуд, супурд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористӣ зери таҳримҳои СММ қарор дорад.