Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Русия ва Эрон барои имзо омода аст ва бо назардошти вазъ дар Сурия ба ҳеҷ гуна ислоҳ ниёз надорад.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо РИА "Новости" хабар дод.
Ба гуфтаи Лавров, созишномаи ҷадиди Русия ва Эрон хоҳиши Маскав ва Теҳронро барои ҳамкорӣ дар заминаи амният ва дифоъ таъйин хоҳад кард.
"Албатта, чунин як санади фарогир дорои ҷанбаи байналмилалӣ низ мебошад. Он, аз ҷумла, ба таҳкими ҳамкорӣ ба манфиати сулҳу амният дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, хоҳиши Маскав ва Теҳронро барои ҳамкории наздиктар дар бахшҳои амният, дифоъ, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, муқовимат ба бисёр чолишҳои умумӣ ва таҳдидҳои дигари умумӣ тасдиқ мекунад”, - гуфт ӯ.
Вазир афзуд, то ин ё он дараҷа ин ҳамкорӣ идома дорад, аммо имзои созишнома, ки тавре ҷониби Русия интизор аст, ба зудӣ дар ҷараёни тамоси наздиктарин дар сатҳи олӣ сурат мегирад, имкони иловагиро барои тавсеаи минбаъдаи шарикии Русия ва Эрон дар самтҳои афзалиятнок боз мекунад.
Пештар Казим Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав гуфт, Масъуди Пезешкиён, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 17 январ аз пойтахти Русия дидан мекунад ва дар ҷараёни ин сафар қарордодеро имзо хоҳад кард.
Қаблан нашри Newsweek навишта буд, ки Маскав ва Теҳрон метавонанд пеш аз савгандёдкунии Трамп созишномаи нави шарикии стратегиро имзо кунанд.
Ба таъкиди расона, созишномаи Русия ва Эрон аз хоҳиши ду кишвар барои “якҷоя кардани нерӯҳо” дар арсаи ҷаҳонӣ барои муқовимат ба таҳримҳо ва таҳкими иқтидори дифоъӣ-технологии онҳо шаҳодат медиҳад.
Ҳуҷҷат тӯли солҳои зиёд таҳия карда мешавад. Он бояд созишномаи стратегии 20-соларо, ки миёни кишварҳо дар соли 2001 имзо шуда, то соли 2020 тамдид шуда буд, иваз кунад. Созишномаи нав ба ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, истеҳсолот, нақлиёт ва кишоварзӣ дахл дорад.