Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилиро ҷарима баст

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷамъ се ширкати мобилӣ ва интернетрасони кишварро ҷаримаҳои вазнин бастааст
Sputnik
Душанбе, 30 дек - Sputnik. Ин ҳол дар пайи шикоятҳои мукаррари муштариён аз сифату кайфияти алоқа ва интернет ба вуқуъ пайвастааст.
Бино ба иттилое, ки аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, се ширкат – якеро ба 6, дигареро ба 5 ва сеюмиро ба 3 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд.
“Ин ширкатҳо тибқи моддаи 350 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – “риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ, меъёр ва қоидаҳо ҳангоми истифодаи объектҳои алоқа ва хизматрасонии соҳаи алоқа” – ҷарима шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи моддаи 350 – и Кодекси мазкур, шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешаванд.
“Парвандаи ҷиноӣ”: ҳушдори Хадамоти алоқа ба ширкатҳои мобилӣ
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон гуфт, яке аз ширкатҳо, ки ба 3 млн ҷарима шудааст, нисфи онро қабул дорад ва нисфи дигарро на.
“Он ширкат барои 1,5 миллион сомонӣ мехоҳад мавзуъро ба додгоҳ кашад”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, тайи солҳои ахир ин бори нахуст аст, ки ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон аз сӯи Хадамоти алоқа, ниҳоди танзимкунандаи соҳаи алоқаи барқӣ, бо чунин ҷаримаҳо муҷозот мешаванд.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон тафсилоти бештар аз инро ироа накард, аммо муҷозоти ширкатҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд соли ахир муштариёни алоқаву интернет мукаррар аз сатҳу сифат ва кайфияти хизматрасонии ширкатҳои алоқа шикоят мекунанд.
Қаблан Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мобиливу интернеттрасон ҳушдор дода буд, ки дар ҳоли беҳбуд наёфтани вазъ ниҳодаш омода аст, ширкатҳоро ҷарима бандад ё алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунад ва ҳатто онҳо аз иҷозатномаи фаъолият маҳрум созад.