Сокинони Хуҷанд гуфтанд, ки аз соли 2024 чӣ диданд ва аз 2025 чӣ мехоҳанд: видео

Таманниёти сокинони Хуҷанд низ чун дигар мардумони сулҳпарвари сайёра хатми ҷангу хунрезӣ ва сулҳу суботи пойдор дар ҷаҳон аст
Sputnik
То анҷоми соли 2024-и мелодӣ андаке боқӣ мондаву сокинони Тоҷикистон низ ба ҷашни Соли нав бо шуру шавқи хоса омодагӣ мегиранд.
Имрӯзҳо хиёбони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ серодам аст. Сокинон аз ҳар гӯшаи Суғд ҳамроҳи хонаводаҳои худ, умдатан кӯдакон ба ин макон омада фароғату шодӣ меварзанд.
Дар ин макони шаҳр, ки ҳоло майдони “Арчаи солинавӣ” ном бурда мешавад ҳар рӯз аз соати 15:00 то 17:00 созу садои мусиқӣ баланд мешаванд ва ҳофизону сарояндагон хотираи сокинонро болида мегардонанд.
Гаронтарин Бобои Барфӣ дар кадом кишвари ИДМ зиндагӣ мекунад
Сокинони шаҳри Хуҷанд дар суҳбати сарироҳӣ ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи хотироти неки худ аз соли 2024 ва таманниёти солинавии худро иброз намуданд.
“Дар соли нави мелодӣ ба хонадони ҳар кадом сокинони сайёра аз хушбахтӣ, хуррамию якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омада, илоҳо дар ҷаҳон дигар ҷанг хатм шуда сулҳу салоҳи комил пойдор гардад” – зикр кард, Тӯҳфа Қосимова, сокини шаҳри Хуҷанд.
Барои ҷузъиёти бештар аз тантанаҳои солинавии Хуҷанд ба навор нигаред.