Раҳмон ба сарвазири Ҳиндустон барқияи ҳамдардӣ фиристод

Президенти Тоҷикистон бо ситоиш аз кордонии собиқ сарвазири Ҳиндустон гуфтааст, ки ӯ дар дохил ва хориҷ аз кишвараш аз эҳтироми хоса бархӯрдор буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матуботи президенти Тоҷикистон хабар дод.
Президент гуфтааст, ки хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ, собиқ сарвазири Ҳиндустон Монмоҳан Сингх боиси андуҳи мо гардид.
Ба таъкиди Раҳмон, марҳум бо хизмати содиқона ва фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои олимартабаву муҳими давлатӣ соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он гардида буд.
"Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо, пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Ҳиндустон таъзияву таслият ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро изҳор менамоям", - омадааст дар паём.
Манмохан Сингҳ 26 сентябри 1932, дар Панҷоб, ки ҳоло дар ҳайати Покистон аст, ба дунё омада, арбоби давлатӣ ва сиёсии Ҳиндустон, сарвазири 14-уми Ҳиндустон аз ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон буд.
Раҳмон ба Алиев ҳамдардӣ баён кард
Аз рӯи мазҳаб сикх, ӯ аввалин ғайриҳинду буд, ки сарвазирии ин кишварро аз 22 майи соли 2004 то 26 майи соли 2014 ба зима дошт.
Солҳои 1982 то 1985 раиси Бонки захиравии Ҳиндустон ва аз соли 1991 то 1996 вазири молияи Ҳиндустон буд. Солҳои 2005-2006 ҳамзамон бо мақоми нахуствазир дар вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ва дар моҳи декабри соли 2008 ва январи соли 2009 боз вазири молия, бидуни тарки мақоми нахуствазирӣ буд.
Дорандаи чанд ҷоиза дар соҳаи иқтисод, доктори илм, муаллифи корҳои илмӣ оид ба иқтисод.