Раҳмон дастур дод, ки фоизи қарзҳо пастару эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо зиёд карда шавад

Низоми бонкии кишвар дастур гирифтааст, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда дар кишвар то охири соли 2027 ба беш аз 100 млрд сомонӣ расонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дастур дода шуд, ки фоизи қарзҳои бонкӣ поин бурда шавад.
Ин нуктаро раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт.
Феълан қарзҳои бонкӣ дар кишвар гарон арзёбӣ мешаванд.
Ҳамзамон раисҷумҳур ҷиҳати таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат дастур додааст.
"Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд",- навиштааст котиботи раисҷумҳур.
Низоми бонкии кишвар дастур гирифтааст, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда дар кишвар то охири соли 2027 ба беш аз 100 млрд сомонӣ расонанд.
Раҳмон панҷ соли ояндаро солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон кард
Гуфта мешавад, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Аз ин лиҳоз ин бахшро ба таъкиди кишвардор лозим аст, ки ҷиҳати идома додани ин раванд ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намоянд.