Хӯриши оливеро дар Тоҷикистон имсол бо чанд пул метавон омода кард? Тасвирбаён

Хӯриши оливеро дар Тоҷикистон низ мисли Русия дӯст медоранд, аз ин рӯ кадбонуҳо бо хӯшнудӣ онро барои дастархони солинавӣ омода мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Соли нав хеле наздик меояд ва сохибхоназанон аллакай дар бораи рӯйхати таомҳои идона фикр мекунанд.
Соли нав як ҷашни оилавӣ аст, бинобар ин бисёриҳо онро дар хона ҷашн мегиранд. Ва маъмултарин таом барои он хӯриши оливе аст. Имсол хӯриши анъанавӣ гаронтар шуд — тамоми маҳсулоти ба таом дохилшуда қимат шудааст.
Дар остонаи ҷашн Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт ҳисоб кунад, ки оливе дар Тоҷикистон чанд пул арзиш дорад.
Нишондиҳандаи оливйе дар Тоҷикистон
Чун анъана, барои тайёр кардани хӯриш, шумо маҷмӯи муаяни маҳсулотро мегиред, ки ба рӯйхати онҳо картошка, сабзӣ, тухми мурғ, ҳасиб, майонез, пиёз, нахӯди сабз ва бодиринг дохил мешаванд.
Барои ҳисоб кардани хароҷот нархҳои миёна дар бозорҳо ва мағозаҳо дар саросари кишвар интихоб карда шуданд.
Сокинони Хуҷанд гуфтанд, ки аз соли 2024 чӣ диданд ва аз 2025 чӣ мехоҳанд: видео
Бар асоси ҳисобҳо, қимати як косаи калони салат барои тамоми оила назар ба соли гузашта қариб 15 сомонӣ зиёд шуд.

Тарзи омода кардани оливе

Картошка ва сабзиро аввал шуста баъд ҷӯшонед. Тухмро алоҳида ҷӯшонед.
Картошка, тухм, сабзӣ ва ҳасибро чоркунҷа реза кунед. Маҳсулотро дар табақи алоҳида бо майонез, пиёзи сабз ва мурч омехта кунед. Ғизоро каме дар ҳарорати паст нигоҳ доред.
Бодиринги шӯрро чоркунҷа реза кунед. Пеш аз пешниҳоди хӯриш ба он бодиринги намакин ва нахуди сабз илова кунед. Бо табъи дил намак илова кунед.