Соли 2027 Тоҷикистон пурра ба истиқлоли энергетикӣ ноил мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмондар паёмаш гуфт, ки то имрӯз беш аз 50% корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии "Роғун" ба анҷом расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон гуфт, ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли барқи НБО "Роғун" ва неругоҳҳои силсилаи дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар фасли зимистон бартараф мегардад.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон дар ин давра пурра ба истиқлоли энергетикӣ ноил мешавад.
“Ман ҳар лаҳза дар фасли зимистон дар ҳар як лаҳзаву соат ташвиши мардуми Тоҷикистонро эҳсос мекунам. Шояд ин зимистони охире бошад, ки ин вазъро таҷриба карда истода бошед. Дар зимистони оянда ин душвориҳо камтар мешавад ва дар соли 2027 ин вазъият дар таърих мемонад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки то имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии "Роғун" ба анҷом расидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар ду соли охир дар сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун" аз буҷаи давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст.
Маоши муаллимон зиёд мешавад
Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки то ин давра барои осхтмони "Роғун" бо 6 созмон дар ҳаҷми 10 млрд сомонӣ созишнома ба имзо расонида шудааст. Беша аз 3 млрд сомонӣ грант мебошад. Соли 2025 маблағгузорӣ оғоз мешавад",
Вай ҳамзамон барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ба ҳама ташкилоти байналмилалӣ ва шарикони ҳамкор миннатдории самимии мардуми Тоҷикистонро баён дошт.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки "ин дастгирӣ ва таваҷҷуҳ барои мардуми Тоҷикистон дастгирии сиёсӣ, иқтисодӣ ва бисёр муҳим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа кард.
Ироаи паём дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилон, аъзои ҳукумат, дипломатҳои хориҷию фаъолони ҷамъиятӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён кард.