ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар ҳадафи ниҳоии ҳукумати Тоҷикистон аст.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ҷумҳурӣ, дар паёми солонааш ба парлумон изҳор дошт.
Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки кишвар дар шароити душвори геополитикӣ ва авҷ гирифтани буҳронҳо дар ҷаҳон дар марҳилаи нави рушди худ қарор дорад.
Раҳмон гуфт, Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд бомуваффақият ворид шуд - сарфи назар аз низоъҳои зиёд, таҳримҳо ва тағирёбии иқлим, ҷумҳурӣ барои пешгирии оқибатҳои онҳо чораҳои саривақтӣ меандешад.
Ба гуфтаи ӯ, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024 8,4% буда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 150 миллиард сомонӣ, ки муодили 13,8 миллиард доллар аст, гузашт.
Вай дар паёмаш гуфт, ки дар соли 2025 суръати рушди иқтисодро дар сатҳи на камтар аз 8%таъмин кардан лозим аст.
"Имсол барои мо хеле муҳим аст", - таъкид кард Раҳмон.
Вай зикр кард, ки тайи панҷ соли охир ба ҳисоби миёна аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармоягузорӣ ба рушди кишвар 197 миллиард сомонӣ (18,1 миллиард доллар) сармоягузорӣ шудааст.
Музди миёнаи меҳнат дар кишвар 1,8 баробар, нафақа 1,5 баробар афзуд, ки ин ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат кардааст.
Раисиҷумҳур мизони таваррум дар Тоҷикистонро барои соли 2024 3,6% арзёбӣ кард.
Қобили зикр аст, ки ин пасттарин сатҳи таваррум дар давраи истиқлолияти ҷумҳурӣ мебошад.
Пеш аз ин, пасттарин сатҳи таваррум дар соли 2013 - 3,7% ба қайд гирифта шуда буд.
Дар соли 2022 таваррум 4,2% ва дар соли 2023 3,8% буд.
Зимнан, дар тӯли 5 сол даромади аҳолии Тоҷикистон тақрибан се баробар афзуда, дар соли 2024 ба 147 миллиард сомонӣ расидааст.
Раҳмон гуфт, барои мисол соли 2019 онҳо ба 48 миллиард баробар буданд.
Музди мехнат 1,8 баробар, нафақа 1,5 баробар афзуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаи худро ба порлумон ироа кард - имсол ин чорабинӣ дар бинои нави парлумон баргузор шуд.