ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Дар Душанбе нахустин Маркази таълими иловагӣ Россотрудничество ифтитоҳ ёфт.
Дар маҷмӯъ Русия аллакай дар Тоҷикистон шаш чунин марказ таъсис додааст.
Аввалин меҳмонони мактаби Душанбе мактаббачагон ва донишҷӯёни филиали донишгоҳи МИСИС буданд – ҳама фаъолони Маркази забон ва фарҳанги руси донишгоҳ мебошанд, ки имсол ифтитоҳ шуд.
Тавре раиси "Хонаҳои русӣ" дар Тоҷикистон Андрей Патрушев ба ширкаткунандагон гуфт, дар мактабҳои марказҳои қаблии Россотрудничество, ки ифтитоҳ ёфтанд, фаъолияти бомуваффақият доштанд.
Дар ин ҷо дарсҳои забон, адабиёт ва таърихи рус, семниру мастеркласҳо ташкил карда, доираҳои гуногун амал мекунанд.
Дар намояндагии Россотрудничество Маркази таълими иловагӣ дар Душанбе ифтитоҳ ёфт.
Марказ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, инчунин китобхонаи ин марказ бо асарҳои нависандагони рус барои хонандагони синну соли гуногун мавҷуд аст.
Интизор меравад, ки дар ин ҷо филмҳо, курсҳои такмили ихтисос, дарсҳои мавзӯӣ барои ҷавонон ва муаррифии донишгоҳҳои Русия баргузор шаванд.
Дарси аввалин дар Маркази таълимии навтаъсис ба Соли нав: таърихи ҷашн ва анъанаҳои он бахшида шуда буд.
Таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон маҳбубият дорад – дар як қатор мактабҳои кишвар, ки таълим ба забони тоҷикӣ аст ва забони русӣ барои таҳсил ҳатмӣ мебошад.
Дар ҷумҳурӣ низ аз ҳисоби маблағи Русия 5 мактаб, аз чумла мактаби ба номи ба номи Гагарин дар Душанбе. Ин мактаб соли 2022 кушода шуда, таҳсил дар ин муассисаҳои таълимӣ ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.