ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёме аз суқути ҳавопаймои Озарбойҷон изҳори таассуф намуда, ба пайвандони фавтидагон таслият ва ба осебдидагон шифои комил орзу кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон вобаста ба суқути ҳавопаймои озарбойҷонӣ ва марги даҳҳо нафар дар ин ҳодиса изҳори ҳамдардии худро ба Илҳом Алиев баён намудааст.
“Хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷонро дар наздикиҳои фурӯдгоҳи шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, бо ҳиссиёти ҳамдардӣ ва андӯҳи амиқ дарёфтам. Таъзияву таслияти инҷонибро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам”, навишта шудааст дар барқияи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 25 декабри соли равон ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Озарбойҷон, ки аз Боку ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, дар Актау суқут кард.
Ҳавопаймо аз Боку, ки ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, ба далели меғ (туман) аввал ба самти Махачкала ва сипас ба Актау равона шудааст.
Дар дохили ҳавопаймои 72 нафар буд – 62 мусофир ва 5 узви экипаж.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Қазоқистон, дар ҳавопаймо 37 шаҳрванди Озарбойҷон, 6 Қазоқистон, 3 Қирғизистон ва 16 шаҳрванди Русия ҳузур доштанд.
Ситоди фаврии вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти охирин, 27 нафар наҷотёфтагони суқути ҳавопаймо, аз ҷумла 3 кӯдак ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шудаанд.