Тоҷикистону Белорус як дигарро дар майдон месанҷанд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими милии футболи Белорус дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона баргузор хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларус бозии дӯстона баргузор мешавад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ахиран Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Беларус барои баргузории бозии дӯстона байни тимҳои миллии ду давлат дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ба мувофиқа расиданд.
Ин бозӣ дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор мешавад. Бозӣ 20 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуда, соати 16:00 оғоз меёбад.
Бояд қайд кард, ки дар раддабандии ФИФА дастаи яккачини Тоҷикистон дар зинаи 104-ум ва дастаи мунтахаби Беларус дар ҷойи 98-ум қарор доранд.
ФИФА гуфт омодааст барои рушди футбол дар Тоҷикистон кунад
Бозӣ бо дастаи мунтахаби Беларус марҳилаи омодагӣ ба вохӯрии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи "А" ба муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ мебошад. Вохӯрӣ бо Тиморӣ Шарқӣ 25 март дар Душанбе доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи ноябри соли равон мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Афғонистон бозии дӯстона анҷом дода буд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ бар дастаи яккачини Афғонистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Ин ин охирин бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар соли 2024 буд.