Содироти бархе аз молҳои Тоҷикистон ба Русия афзоиш ёфт

Содироти бархе аз намуди маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия дар соли 2024 ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков, таъкид кард, ки сохтори содироту воридот миёни ду кишвар амалан бетағйир боқӣ монд, аммо содироти бархе аз намуди молҳо аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш ёфт.
"Мо аз рӯи анъана динамикаи содироту воридотро мушоҳида мекунем, ки дар маҷмӯъ сохтори воридоту содирот тағйир наёфтааст. Дар ҳамин ҳол, аз Тоҷикистон ба Русия содироти - ҷӯроб, либос, пойафзол қариб 4,5 баробар афзудааст, ки дар маҷмӯъ 40% содиротро ташкил додааст ва боқимонда 60% ин содироти пахтааст", - гуфт оқои Коренков.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки интиқоли меваю сабзавоти Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 43% зиёд шудааст.
"Дар ин ҷо салоҳияти деҳқонони тоҷик низ меафзояд, ки маблағгузорӣ коркард мекунанд ва яхдонҳо, анборҳо месозанд. Салоҳияти тоҷирони рус низ дар ин кор мусоидат мекунад, чун онҳо дар Тоҷикистон технологияҳо ворид мекунанд, — шарх дод намояндаи тиҷоратии Русия.
Сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ба 1,9 млрд доллар расид
Ба гуфтаи ӯ, ба таври анъанавӣ Русия ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, маводи ғизоӣ, кишоварзӣ ва кимиёвӣ, чӯбу филиз, арматура ва масолеҳи ороишӣ ворид мешавад.
"Албатта, ба бозор ширкатҳои нав ва таъминкунандагони ворид мешаванд. Аз ин рӯ, мо динамикаеро мушоҳида дорем. Тавозуни савдо то ҳол нобаробар боқӣ мемонад: 90-95% содирот аз Русия ва 5-10% воридот аз Тоҷикистон мебошад", - шарҳ дод оқои Коренков.
Ба эътиқоди вай, ҷониби Русия аз афзоиши воридот аз Тоҷикистон ҳимоят мекунад.
"Барои Русия маҳсулоти пахтагини босифат ва бо нархи мувофиқ, меваю сабзавот, меваҳои хушк низ муҳим аст, ҳамаи ин маҳсулот дар Русия талабот доранд, аммо мо умедворем, ки мувозинат то андозае тағйир хоҳад ёфт", - хулоса кард ӯ.