Раҳмон ба Русия рафт

Кишвардори Тоҷикистон барои мулоқот бо раисҷумҳури Русия дар маҷмааи осоишгоҳи "Игора" ба пойтахти шимолии Русия рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Санкт-Петербург парвоз кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Тоҷикистон хабар дод. Дар ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистонро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисиҷумҳур оид ба робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки президенти Тоҷикистон барои мулоқот бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Русия сафар кардааст.
Раҳмон бо Путин масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунад
Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ як нишасти пеш аз соли нав аст, ки ду рӯз идома мекунад ва як шакли анъанавии иртибот миёни раҳбарони кишварҳои ҳамсоя мебошад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2014 ҳар сол ба ин нишасти ғайрирасмӣ меравад.
Ба ин тартиб, Эмомалӣ Раҳмон то кунун 9 маротиба дар нишасти ғайрирасмии Санкт-Петербург ширкат кардааст.
Сарвари Русия чунин нишастҳоро ҳамчун гуфтугӯи "дар доираи дӯстона" тавсиф мекунад.