Дар Осорхонаи миллӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва бо иштироки намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон намоиши хайриявӣ баргузор шуд.
Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти қаннодию нонӣ, ширию гӯштӣ, меваҷот ва армуғонҳо ба намоиш гузошта шуд.
Дар намоиш Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин доир ба мақсаду мароми ин чорабинӣ сухан гуфт.
Меҳмонон бо намоиши молу маҳсулоти қаннодӣ ва ҳунармандии намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон шинос шуданд.
Қайд карда шудааст, ки маблағи аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бадастомада дар корҳои хайриявӣ сарф карда мешавад.