Тибқи қонун, қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳо танҳо дар сурати бомуваффақият супурдани имтиҳони ройгон аз забони русӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ ё мунисипалӣ имконпазир аст.
Дар баробари ин кӯдаконе, ки имтиҳонро бад менависанд, наметавонанд дар дарсҳои муассисаҳои таълимӣ ширкат кунанд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ин иқдомро бо Маргарита Лянге, узви Шӯрои равобити байни миллатҳои назди президенти Федератсияи Русия ба таври муфассал баррасӣ кардааст.
Ба эътиқоди вай, тасвиби ин қонун як вокуниши мақомоти Русия ба вазъи ҷомеъа аст.
Дар вазъияте, ки баъзе кӯдакон ба гуфтаи муаллимон забонро намедонанд, ба дарс сарфаҳм намешаванд ва барои муаллимон дар ин сурат гузарондани дарс бисёр мушкил аст ва ба дигар хонандагон таъсир мерасонад.
"Агар кӯдак аллакай дар қаламрави Русия қарор гирифта бошад, пас, албатта бояд таҳсил кунад, вале бе омодагӣ ин кор ғайриимкон аст", - мегӯяд коришнос.
Тафсилоти пурраро аз видео тамошо кунед.