ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дмитрий Черишев сармураббии “Равшан” таъйин шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин бошгоҳ.
Қайд карда шудааст, ки ахиран президенти клуби футболи “Равшан” Кӯлоб Зафар Соҳибназар дар меҳмонхонаи “Ритс-Карлтон”-и шаҳри Маскав бо мураббии шинохта Дмитрий Черишев гуфтушнид кард.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо барои фаъолияти якҷоя дар мавсими нави 2025 шартномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Интизор меравад, ки мутахассиси рустабор Дмитрий Черишев рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон омада машқу тарминҳои дастаҷамъонаро дар шаҳри Душанбе ва яке аз кишварҳои хориҷи кишвар баргузор мекунад.
Ситоди мураббиёни Дмитрий Черишев дар давраи танаффуси футболбозон муайян карда мешавад ва баробари шуруъ ба машқу тамринҳо дар аввали моҳи январ чанд тан аз футболбозони ботаҷриба бо даъвати ин мутахассис ба даста шомил хоҳад шуд.
Қаблан Дмитрий Черишев дар дастаҳои зерин кор карда буд.
2003 Аранхуэс
2006—2010 Реал Мадрид Дастаи кӯдакона
2010—2011 Сибир Директори варзишӣ
2011—2012 Волга (НН)
2013—2014 Зенит-м
2014—2015 Иртиш (Павлодар)
2015—2016 Севиля мураббӣ
2016 Мордовия
2018—2019 Нижний Новгород
2022—2023 Санта-Колома
2024 Шинник