Тоҷикистон дар соли 2025 машваратҳо барои такмили ИДМ-ро оғоз хоҳад кард

Мақомоти Тоҷикистон гуфт зимни раёсаташ дар Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид ба кадом масъалаҳои мубрам таваҷҷуҳи хос хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки соли 2025 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро ба ӯҳда мегирад, ташаббускори машваратҳо барои таҳияи пешниҳодҳо вобаста ба такмили ИДМ мебошад.
Тавре сардори Раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода зимни брифинг таъкид кард , нахустин нишаст рӯзи 24 январ дар Минск баргузор мешавад.
Вай зикр кард, ки Душанбе зимни ташаккули консепсияи раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як пешниҳоди инноватсионӣ кардааст - ба баҳс дар бораи беҳбуди ИДМ меравад.
"Ин пешниҳод аллакай дар консепсияи раёсати Русия ворид шудааст, мо ин пешниҳодро идома медиҳем ва мехоҳем барои омӯзиши ин масъала ба сатҳи амалӣ гузарем", - афзуд Саидмуродзода.
Дипломати тоҷик афзуд, ки Тоҷикистон, ва Кумитаи иҷроияи [ИДМ] дар Минск бо иштироки вазорату идораҳои манфиатдор оид ба таҳияи пешниҳодҳои эҳтимолӣ барои беҳбуди вазъи Иттиҳод машваратҳои махсус оғоз мекунем.
Беш аз 85% тиҷорат миёни кишварҳои ИДМ бо пулҳои миллӣ сурат мегирад
“Машваратҳо 24 январи соли 2025 дар бинои Кумитаи иҷроия дар Минск баргузор мешавад. Ин машваратҳо бо нақши ҳамоҳангсози кишварҳои узви ИДМ сурат мегиранд", - гуфт дипломат.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба унвони раиси ИДМ ба ҳалли як қатор мушкилоти мазкр таъмини ҳамкории зичтари ҳамгироии кишварҳои муштаракулманофеъ, мутобиқсозии сохторҳо, шаклҳо ва усулҳои кори ИДМ ба воқеиятҳои нав, таҳкими мавқеъи байналмилалии ИДМ, ассотсиатсия ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ, инчунин навсозии дар доираи қарору созишномаҳои ИДМ қабулшуда, таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, амиқтар кардани мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, намудҳои гуногуни ҷиноятҳои фаромиллӣ ва ҳифзи иттилоот таваҷҷуҳ хоҳад кард.
Аз 1 январи соли 2025 раёсати дар ИДМ аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад.