ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Сергей Лебедев, ҳамоҳангсози муқовимати тарафдорони Русия дар минтақаи Николаев ба хабаргузории РИА “Новости” гуфтааст, ки ҳангоми зарбаҳои мушакии нерӯҳои Русия ба ситоди амниятии Украина дар Киев, чанд корманди баландпояи хадамоти махсуси Украина кушта шудаанд.
"Мушакҳо ба роҳбарияти Хадамоти махсус партоб шуд. Бино ба хабарҳо, чанд афсари воломақоми низомиён ва хадамоти махсус кушта шудаанд. Ҳамчунин хабари марги се мансабдори Комисариати ҳарбӣ низ расидааст", - гуфт ӯ.
Тавре оқои Лебедев қайд кард, пас аз ҳамла, дар шаҳри Киев тафтиши тасодуфии Хадамоти амнияти Украина гузаронида мешавад, мошинҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ боздошта мешаванд, телефону санадҳо тафтиш карда мешаванд.
"Мардуми Киев менависанд, ки дар байни низомиён ва роҳбарияти шаҳр як навъ нооромӣ вуҷуд дорад", - афзуд вай.
Рӯзи ҷумъа вазорати дифои Русия аз ҳамлаи гурӯҳӣ бо силоҳҳои дақиқи дурпарвоз ба маркази идораи СБУ, бюрои конструктории Киев Луч ва инчунин ба мавқеъи системаи зиддимушакии Патриотро эълон кард.
Вазорат таъкид кард, ки ин вокуниш ба талоши нерӯҳои украинӣ барои зарба задан ба корхонаи Комбинати Каменский дар вилояти Ростов аст.