Путин: БРИКС василаи муқовимат бо Ғарб нест

Раисҷумҳури Русия зимни нишасти матбуотӣ аз аҳамияти БРИКС ёдовар шуд ва гуфт ин созмон василаи муқовимат бо кишварҳои Ғарб нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия зимни нишасти матбуотиаш қайд кард, ки БРИКС василаи муқовимат бо Ғарб нест.
Вай гуфт, ин созмон на бар зидди касе, балки ба манфиати кишварҳои узви он аст.
"БРИКС василаи муқовимат бо Ғарб нест, мо бар зидди касе кор намекунем, мо барои манфиатҳои худ, ба манфиати кишварҳои узви ин созмон кор мекунем, мо дар чаҳорчӯби БРИКС ягон барномаи зиддиятнокро эҷод намекунем", таъкид кард Путин.
Путин илова кард, ки бисёре аз давлатҳо ба рушди БРИКС таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, зеро ҳама тасмимҳо дар ин созмон аз рӯи консенсус ё якдигарфаҳмӣ қабул мешаванд.
"Ташкилот босуръат инкишоф меёбад, аммо... бисёр давлатҳо ба рушди БРИКС таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Ин кор танҳо дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, эҳтироми манфиатҳои якдигар сохта шудааст. Ҳама масъалаҳо бо консенсус қабул карда мешаванд ва ин хеле муҳим аст, ки дар ин созмон давлатҳои калон ё хурдтар вуҷуд надоранд. Манфиат танҳо – рушд аст", - гуфт Владимр Путин.
Таҳдидҳои ҷаҳонӣ, иқлими Фаластин: чизи асосӣ аз суханронии Раҳмон дар нишасти БРИКС
БРИКС ё худ BRICS баргирифтаи ҳарфҳои аввали номи 5 узви ин созмон бо забони англисӣ мебошад, ки айни ҳол ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.
Созмони мазкур аз 5 давлат - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ иборат мебошад.