ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Муколамаи Маскав ва Душанбе ба дустии санҷидашуда, ки дар гузашта миёни мардумони ҳар ду кишвар асос ёфта буд, такя мекунад.
Дар ин бора дар паёми шодбошии худ раҳбари ҳизби "Русияи воҳид" Дмитрий Медведев ба раисиҷумҳур ва раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати баргузории Анҷумани XV ҲХДТ навиштааст.
Тавре дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст, дар ин паём Медведев ёдовар шудааст, ки равобити ду кишвар омили аслии таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ аст.
"Ман умедворам, ки ҳамкориҳои созанда миёни ҳизби "Русияи воҳид" ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар асоси созишномаи ҳамкорӣ аз 26 феврали соли 2017 ба роҳ монда шавад", - гуфт Медведев.
Раҳбари ҳизби "Русияи воҳид" дар паёми худ Раҳмонро бо баргузории анҷуман табрик гуфта, қайд кард, ки қарорҳои дар он қабулшуда ба рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ такони қавӣ хоҳанд дод.
Анҷумани ҲХДТ рӯзи чаҳоршанбеи 18 декабр баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон дубора раиси ин ҳизб интихоб шуд.
Дар анҷуман барномаи интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро барои солҳои 2025-2030 дар бар мегирад, тасвиб шуда, Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.
ҲХДТ ҳизби ҳокими сиёсии Тоҷикистон буда, соли 1994 таъсис ёфтааст. Моҳи марти соли 1998 Раҳмон ба ин ҳизб шомил шуд ва аз он замон то кунун раҳбари ин ҳизб аст.