ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) шакли эъломияи тиҷорати электрониро тасдиқ карданд.
“Қоидаҳои нав муносибати муосири эъломияи молҳои тиҷорати электрониро таъмин намуда, пешниҳоди иттилоот ва коркарди онро дар шакли электронӣ пешбинӣ мекунанд”, - гуфт вазири ҳамкориҳои гумрукии КИАО Руслан Давидов.
Эъломияи молҳои тиҷорати электронӣ аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани тағйирот ба Кодекси гумрукии ИИАО татбиқ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Шӯрои Федератсияи Русия санадеро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Шартнома дар бораи Кодекси гумруки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба тасвиб расонд.
Тағйиру иловаҳо ба танзими гумрукии молҳои тиҷорати электронӣ дахл доранд.
Дар ин санад ҳамчунин таъсиси ниҳоди нав дар бахши гумрук - оператори тиҷорати электронӣ пешбинӣ шудааст.
Санади мазкур 25 декабри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург аз ҷониби сарони кишварҳои узви созмон имзо шудааст.