ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Михаил Мишустин дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Российская газета” гуфт, ки таваҷҷӯҳ ба таҳкими равобити хориҷии Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё равона шудааст.
Илова бар ин, ба гуфтаи сарвазири Русия, ИИАО бо чаҳор кишвар созишномаи тиҷорати озод дорад.
"Мо бо дигар кишварҳо гуфтушунид дорем, то молҳои худро дар бозорҳои ҷаҳонӣ пешбарӣ кунем ва маҳсулотро аз кишварҳои берун аз иттиҳод бо нархи рақобатпазир харидорӣ кунем", - гуфт сарвазири Русия.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш оқои Мишустин гуфта буд, ки доираи давлатҳои нозир дар ИИАО васеъ мешавад.
Чунин мақом ба ҷуз Ӯзбекистон ва Куба ба Эрон низ дода мешавад.
"ИИАО ҳамчун як лоиҳаи муассири ҳамгироӣ дар асоси баробарӣ ва бо назардошти манфиатҳои ҳар як иштирокчӣ муаррифӣ шудааст. Ба "панҷгона" шомил мешаванд: якдигарро шунидан, бовар кардан, ҷустуҷӯ кардан ва пайдо кардани созиш ва эҳтиром ба меъёрҳои байналмиллалӣ", - таъкид намуд Мишустин.
Ӯ зикр намуд, ки дар шароити муосир маҳз ҳамин принсепҳо ИИАО- ро аз бисёр созмонҳои минтақавӣ фарқ мекунад. Аз ин рӯ, шумораи зиёди кишварҳо ва ассотсиатсияҳо ба ҳамкорӣ бо Иттиҳод таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.