ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар мусоҳиба бо “ВГТРК” ва РИА “Новости”, ки мудири кулли гурӯҳи расонаҳои байналмилалии "Россия сегодня" Дмитрий Киселев гузаронд, таъкид кард, ки матолиб дар бораи нақшаҳои эҳтимолии Туркия дар Озарбойҷон яъне таъсис додани пойгоҳи низомӣ, ин як фарзияи сиёсӣ аст.
"Хуллас, лозим нест. Агар ман посухи худро каме возеҳтар гӯям, бо назардошти он, ки гоҳҳо ин гуна маълумот дар расонаҳои муайян пайдо мешавад. Бояд бигӯям, ки мо ба ин лозим надорем", - гуфт Алиев.
Президент хабарҳо дар бораи нақшаҳои эҳтимолии ҷойгир кардани як пойгоҳи низомии Туркия дар Озарбойҷонро "маълумоти дуруғ" номид, зеро имрӯз "пинҳон кардани як пойгоҳи низомӣ дар тамоми ҷаҳон амалан ғайриимкон аст".
Ба гуфтаи Алиев, ин паёмҳо хусусияти “фарҳангҳои сиёсӣ” доранд.
Дар эъломияи Шуша дар бораи муносибатхои иттифокии Озарбойчон ва Туркия бандҳое мавҷуданд, ки дар сурати таҳдид ва таҷовуз ёрии ҳамдигари низомиро пешбинӣ мекунад, хотиррасон шуд оқои Алиев.
"Ин ӯҳдадории ҳам Озарбойҷон ва ҳам Туркия аст, ки агар ин ё он кишвар бо таҳдид ва таҷовузи беруна рӯ ба рӯ шаванд, ба як дигар кумак хоҳанд кард. Аз ин рӯ, тибқи ин банди эъломия аслан бунёди инфрасохтори доимии низомиро дар як ҳудуд комилан нолозим мегардонад”, - шарҳ дод президент.
Алиев қайд кард, ки тӯли беш аз 30 соли ҳамкориҳои низомии кишварҳо, Туркия ва сохторҳои низомии он дар таҷдиди артиши Озарбойҷон ва ба стандартҳои баланд расондани он дар зарфияти ҷангӣ, банақшагирии амалиёт, таҳлили вазъият ва иктишофии низомӣ нақши бузург доранд.
Вай таъкид кард, ки Боку ба шарофати Анқара "дар амалиёти низомӣ ба дараҷаи баланди самаранокӣ" ноил шудааст.
"Мо аз дӯстони туркамон барои чунин кӯмак хеле миннатдорем", - қайд кард Илҳом Алиев.