Алиев нақшаҳояшро дарбораи хариди аслиҳа аз Русияро ифшо кард – видео

Илҳом Алиев дар мусоҳиба бо “ВГТРК” ва РИА “Новости” гуфт, ки чаро интиқоли силоҳ аз Русия ба Озарбойҷон муваққатан қатъ шудааст
Sputnik
Озарбойҷон ният дорад, ки хариди аслиҳа аз Русияро дубора оғоз намояд.
Дар ин бора раисиҷумҳури кишвар Илҳом Алиев зимни мусоҳиба бо “ВГТРК” ва РИА “Новости”, ки мудири кулли гурӯҳи расонаии "Россия сегодня" Дмитрий Киселев гузаронд, изҳор дошт.
Ҳамзамон, ӯ ёдовар шуд, ки дар тӯли на камтар аз се сол ҳеҷ гуна қарордодҳои нави хариди аслиҳа аз Русия ба имзо нарасидаанд.
Алиев: Ниёз ба пойгоҳҳои Туркия дар Озарбойҷон нест
"Ман ин равандро бо сабабҳои объективӣ муваққатан боздошташуда меҳисобам, аммо мо аз рӯйдодҳои охирини саноати дифоъи Русия дархостҳои навро фиристодаем", - гуфт раҳбари Озарбойҷон.
Вай афзуд, дар ҳоле ки корхонаҳои маҷмааи саноатии низомии Русия омода ҳастанд, Озарбойҷон шартномаҳои нав мебандад.