Алиев эҳтимоли ҷанги Русия ва НАТО-ро қиёмат хонд

Раисҷумҳури Озарбойҷан ҷанги эҳтимолии НАТО ва Русияро қиёмат донист, ки ягон кишвар аз он канор шуда наметавонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар мусоҳиба бо “ВГТРК” ва РИА “Новости”, ки мудири кулли гурӯҳи расонаҳои байналмилалии "Россия сегодня" Дмитрий Киселев гузарондгуфт, тасаввури нақшаи ҷанг миёни Русия ва НАТО баробар ба тасаввури қиёмат аст.
"Тасаввур кардани чунин нақша, ки НАТО ва Русия дар як ҷанги гарм сар ба сар мешаванд, ба тасаввури қиёмати ҷаҳонӣ баробар аст" гуфт ӯ дар мусоҳиба бо Дмитрий Киселев, мудири кулли гурӯҳи расонаии “Россия сегодня”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Озарбойҷон, "равшан аст, ки дар ин ҷанг ғолибон нахоҳад буд ва ҳеҷ кишваре, ки ҳатто дуртар аз минтақаи НАТО ё қаламрави Русия воқеъ аст, худро дар амн эҳсос нахоҳад кард."
Русия қаблан аз фаъолияти бесобиқаи НАТО дар марзҳои ғарбии худ хабар дода буд.
Алиев: Ниёз ба пойгоҳҳои Туркия дар Озарбойҷон нест
Кохи Кремлин гуфта буд, ки НАТО ташаббусҳоро тавсеа медиҳад ва онро "ҷилавгирӣ аз таҷовузи Русия" мехонад. Кремл қайд кард, ки Маскав ба касе таҳдид намекунад, аммо амалҳоеро, ки эҳтимолан ба манфиатҳои ӯ хатарноканд, нодида нахоҳад гирифт.
Президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон ба таври муфассал шарҳ дод, ки Маскав ба кишварҳои НАТО ҳамла карданӣ нест, ба ин ҳеҷ эҳтиёҷе нест.