Муҳоҷирони ихроҷшударо дар Тоҷикистон чӣ интизор аст: посухи Агентии меҳнат

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Хатлону Суғд, Душанбе ва НТҶ барои муҳоҷирони аз Русия ихроҷшуда утоқи махсус барои қабули онҳо ташкил намудааст, ки барои хизматрасонии онҳо роҳандозӣ гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Муҳоҷирони тоҷик, ки аз Русия ихроҷ мешаванд, дар Ватан дастгирӣ меёбанд, мегӯяд Фарангис Ҷамолидин, мудири бахши иттилоотӣ Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷиронро дар Ватан бо ҷойҳои кори мавсимӣ ва доимӣ таъмин мекунанд ва ҳамзамон ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар мекунанд.
Илова бар ин, ба муҳоҷироне, ки хоҳиши соҳибкорӣ ва хизматрасонии иҷтимоиро доштанд, қарзҳои имтиёзнок дода шуд.
Муҳимтар аз ҳама онҳо дар мақомоти шуғли аҳолӣ сабти ном шуда, ба касбҳои гуногун аз ҷумла: назоратчии барқ, барқчӣ, сохтумончӣ, кулолгар, нонпаз, қаннод, ошпаз, рӯзноманигор, дӯзанда, фӯрушанда, пешхизмат, котиба-коргузор омӯзонида мешавад.
Гузашта аз ин, муҳоҷиронро ройгон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва кореягӣ" ҷалб мекунанд.
Фарангис тавзеҳ дод, ки ингуна хизматрасониҳо ба оилаҳои муҳоҷирони ихроҷшуда низ пешниҳод мегардад.
ВКД Русия ба хешони муҳоҷирони ихроҷшаванда дар бораи макони будубоши онҳо хабар медиҳад
Намояндаи агентӣ қайд намуд, дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дастгоҳи марказии Агентӣ, утоқи қабули муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта (реинтегратсия) фаъолият менамояд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 декабр дар тамоми фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ва дар ҳама гузаргоҳҳои минтақаи ҳавоии Маскав системаҳои нави назорати марзӣ ба кор шурӯъ карданд.
Дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав ва вилояти Маскав шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои ворид шудан ба Федератсияи Русия изи ангушт ва акси чеҳраро пешниҳод мекунанд.
Қоидаҳо инчунин ба гузаргоҳи автомобилии Маштаково дар вилояти Оренбург, яке аз долонҳои асосии нақлиётӣ аз Осиёи Марказӣ ба Русия дахл хоҳанд дошт.